ДАР МАСКАВ МАСОИЛИ АФҒОНИСТОНРО БАРРАСӢ КАРДАНД

Ноябрь 12, 2009 12:33

                  Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Дирӯз дар шаҳри Маскав ҷаласаи 8 –уми Гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон дар назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид.                  Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини Котиби генералии СААД Ара Бадалян иттиллоъ дод, иштирокдорони ҷаласа оид ба авзоъ дар Афғонистон мубодилаи афкор карда, аз натиҷаи корҳои ба сомон расонидашуда ҳисобот ва доир ба нақшаи чорабиниҳо дар нимсолаи аввали соли оянда изҳори назар карданд. Дар ҷаласа ҳамоҳангсозони миллӣ оид ба Афғонистон ва мутахассисони кишварҳои аъзои СААД иштирок карданд.                     Гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон дар назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) 23 июни соли 2005 бо ташаббуси Федератсияи Русия созмон ёфта барои таҳияи чорабиниҳо дар мубориза бар зидди моддаҳои нашъаовар ва расонидани кӯмак дар барқарорсозии сохторҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мусоидат мекунад.

Ноябрь 12, 2009 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад