ДАР МАВСИМИ НАВ БО «РУСТАМ ВА СӮҲРОБ» — И КӮҲАН

Ноябрь 12, 2009 12:23

                Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Имрӯз мавсими 39 –уми театрии Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо намоишномаи «Рустам ва Сӯҳроб» дар таҳияи коргардон Султон Усмонов кушода мешавад.                 Намоишномаи мазкур ҳанӯз моҳи январи соли ҷорӣ дар Фестивали театрии Теҳрон ба гирифтани шоҳҷоизаи ин Фестивали байналмилалӣ мушараф гашта буд.                 Тавре директори театр Саид Абдуллоев ба АМИТ «Ховар» итилоъ дод, ҳайати эҷодии театр аз 24 октябр бо намоишномаи «Рустам ва Сӯҳроб» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дошт. «Ҳангоми сафари эҷодӣ ба ҳайати театр аз дигар кишварҳои Шарқ даъватнома барои баргузории намоишнома пешниҳод гардид. Бинобар ҳамин мо қарор додем мавсими навро бо ин намоишномаи дӯстдоштаи тамошобинон оғоз намоем», — гуфт С.Абдуллоев.

Ноябрь 12, 2009 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад