ДОНИШИ КОРМАНДОНИАНДОЗРО МЕСАНҶАНД

Ноябрь 3, 2009 11:28

                  Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Имрӯз 3 ноябр дар Кумитаи андози Ҳукумати ҶТ, оид ба андоз аз даромади шахсони воқеӣ, резидент, ғайри резидент ситонидани андоз аз мансабҳои пардохт, тартиби татбиқи шартномаҳои байналхалқӣ семинар-машварати серӯза оғоз ёфт.                  Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти Кумитаи андоз иттилоъ доданд, бо мақсади баланд бардоштани дониши кормандони мақомоти андози шаҳру навоҳии мамлакат оид ба андоз аз арзиши иловашуда чунин чорабинӣ гузаронида мешавад.                    «Дар он асосан оид ба муайян намудани сатҳи дониши назариявиву амалии кормандони мақомоти андоз оид ба то чӣ андоза донистани амру фармонҳои Президенти ҶТ ва Ҳукумати ҶТ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, муқаррароти Кодекси андоз, ва дигар масъалаҳо вобаста ба фаъолияти кормандони мақомоти андози мамлакат мубодилаи афкор сурат мегирад», иттилоъ дод манбаъ.                      Семинар-машварат дар доираи Лоиҳаи Бонки умумиҷаҳонии Рушд гузаронида мешавад.

Ноябрь 3, 2009 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад