ДУ ФУТБОЛБОЗИ ТОҶИКРО РОНДАНД

Ноябрь 2, 2009 14:27

                Душанбе, 2 ноябр (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров) — Дастаи яккачини футболбозони то 19 солаи тоҷик дар бозиҳои интихобӣ барои гирифтани роҳхат ба даври ниҳоии Чемпионати Осиё, баъди се бурд бозии навбатиро бо ҳисоби калони 3 : 0 бо футболбозони дастаи яккачини Яман бохтанд.                 Дар поёни қисми аввал як футболбози тоҷик аз майдон ронда шуд, дар дақиқаи 74 футболбози дигар Ф.Аскаров низ аз майдон бароварда шуд, дар натиҷа футболбозони тоҷик дар шароити душвор монда аз дарвозаи худ се тӯб сар доданд. Айни ҳол дар гурӯҳи «А» дастаи Иордания бо 10 хол, Тоҷикистон 9 хол, Яман 8 хол, Непал 3 хол, Қирғизистон 3 хол, Фаластин 1 хол мутаносибан қарор доранд. Ба даври ниҳоии Чемпионати Осиё фақат ду дастаи ҷои аввалро ишғол карда роҳхат мегиранд.                Бозии навбатиро дастаи якачини футболбозони тоҷик бо дастаи Иордания баргузор мекунад. Барои соҳиб шудан ба роҳхат ба футболбозони тоҷик танҳо ғалаба даркор аст.

Ноябрь 2, 2009 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад