ДУРНАМОИ ҲАМКОРИ ҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ҶОПОН БАРРАСӢ ШУДАНД
Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – 3 ноябр, Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тсутому Хираока мулоқот кард.Оқил Оқилов ба ҳукумати Ҷопон барои кўмакҳои бебозгашт барои пешбурди иқтисодиёти Тоҷикистон дар давраи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ арзи сипосу миннатдорӣ карда изҳор дошт, ки Тоҷикистон хостгори рушди тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҷопон мебошад. Дар мулоқот аз рафти татбиқи лоиҳаҳои Ҷопон дар бахши сохтмони роҳҳо, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар Тоҷикистон ва амалигардии барномаҳои омўзишию тарбиявии мутахассисон таввасути Агентии байналмиллалии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ (JICA) изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Пешниҳод карда шуд, ки дар оянда ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон дар бахшҳои энергетика, саноат, бунёди корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, коркард ва истихроҷи канданиҳои фоиданок ва рушди туризм васеътар гардонида шавад.Тсутому Хираока бо қаноатмандӣ таъкид кард, ки барои амалишавии нақшаву ниятҳои пешниҳодшуда, ки мақсади асосии онҳо ба сатҳи зарурӣ расонидани муносибатҳои гуногунҷабаи Тоҷикистону Ҷопон мебошад тамоми қуввату ғайрати худро равона хоҳад кард.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






