Э. РАҲМОН АЗ СТЕФАН МИЛЛАР ЭЪТИМОДНОМА ҚАБУЛ НАМУД
24-уми ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Канада дар Тоҷикистон Стефан Миллар эътимоднома қабул намуд. Зимни сӯҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Стефан Миллар, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масоили ҳамкории Тоҷикистону Канада баррасӣ шуд. Пеш аз ҳама аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Канада дар соҳаҳои амнияту мудофиа ва безараргардонии мина ва дигар моддаҳои тарканда изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҳамзамон таҳким ва густариши ҳамкории иқтисодии ду кишвар зарур шумурда шуд. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика ва саноати кӯҳӣ, ки ҳарду кишвар дар онҳо имкону захираҳои фаровон ва таҷрибаи фарох доранд, дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ гардид. Гуфтугӯйи судманд оид ба авзои кунунии Афғонистон, ҳамгироиҳои муштараки Тоҷикистону Канада дар чаҳорчӯби нерӯҳои посдори сулҳ ва ҳамчунин доир ба вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифт.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






