ГУСТАРИШИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИБОНКӢ

Ноябрь 18, 2009 14:30

                  Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар доираи баргузории семинари махсуси Иттиҳодияи байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Саняи Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқоти раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов ва раиси Раёсати Бонки давлатии рушди Чин Чэн Юан доир гардид.                   Аз хадамоти итилооти «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар мулоқоти мазкур масоили умдаи муносибатҳои ҳасана ва густурдаи ҳамкориҳои ин ду бонки бонуфуз мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо зимни мулоқот таҳияи Барномаи панҷсолаи ҳамкориҳо, маблағгузориҳо ба лоиҳаҳои бузурги инвеститсионии Тоҷикистон, бозомӯзию тайёр намудани мутахассисони соҳаи бонкдорӣ ва як идда масоили дигарро мавриди баррасӣ ва иҷро қарор доданд.                   Ҳамчунин тарафҳо аз сатҳи иҷрои масъулиятҳои ҳамкорӣ ва муносибатҳои дӯстонаи ин ду ташкилоти бонуфузи молиявӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ноябрь 18, 2009 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад