ХОБГОҲИ НАВИ ДОНИШГОҲ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 18 ноябр хобгоҳи нави донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар кӯчаи Алишер Навоӣ дар вазъияти ботантана ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи хобгоҳ роҳбарону намояндагони вазорати тандурустӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки хобгоҳи мазкур аз ҳисоби маблағи Донишгоҳи давлатии тиббӣ пурра тармим карда ва бо асбобу анҷоми зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Барои тармими он 1,5 миллион сомонӣ сарф шуд. Хобгоҳ барои истиқомати бештар аз 600 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо пеш аз ҳама ба донишҷӯёне ҷои хоб дода мешавад, ки мувофиқи имтиёзҳои муқаррарнамудаи Президенти ҷумҳурӣ ба донишгоҳ қабул шудаанд. Бинои донишгоҳ ба шабакаи марказии гармидиҳӣ пайваст буда, ошхона, ҳуҷраи махсуси либосшӯӣ ва майдончаи варзишӣ дорад. Ояндаи наздик дар ин ҷо филиали китобхонаи донишгоҳ кушода мешавад. Дар шафати он бинои дигари хобгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббӣ воқеъ мебошад, ки ояндаи наздик тармим карда хоҳад шуд. Умуман Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино 4 хобгоҳ дорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






