ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ НАВИ ҚАРЗ

Ноябрь 18, 2009 10:12

                  Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова). – 17 ноябр намояндагони Бонки рушди Евразия ва Бонки «Лендесбанки Берлин» дар бораи ҷудо кардани маблағ бо мақсади ворид кардани таҷҳизоти бофандагӣ ба Тоҷикистон созишномаи додани қарзро имзо намуданд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки маблағи мазкурро ширкати «Олим Текстайл» бо мақсади сохтмони корхонаи нави калобаресӣ дар Тоҷикистон истифода хоҳад кард. Бо маблағи қарз аз Ҷумҳурии Федероли Олмон таҷҳизоти нави бофандагӣ харида, ҳаққи хизматҳои ба истифода додани корхона ва таҷҳизот пардохта мешавад.                    Бонки рушди Евразия, тибқи созишнома барои харидани таҷҳизоти бофандагӣ 22,6 миллион доллари ИМА ҷудо мекунад. Маблағи қарз бояд дар давоми 12 сол баргардонида шавад.

Ноябрь 18, 2009 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст