КӢ БА КАДОМ ВАЗИФА ТАЪИН ШУД?
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова, Наргис Бояхмедова). — Имрӯз, 18 ноябр Додихудо Саймиддинов мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Д.Саймиддинов то имрӯз раиси Кумитаи илму маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ буд.Ёвари собиқи Президенти ҷумҳурӣ Саидраҳмон Назриев ва вакили Маҷлиси Намояндагон Гулчеҳра Бозорова бо қарори Ҳукумат муовинони вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ таъин карда шуданд. Абдуманнон Холиқов ва Шаҳноза Нодирова муовинони вазири адлияи ҷумҳурӣ таъин гардиданд. Ҳамчунин бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдулазиз Шарифов муовини роҳбари Раёсати сиёсати савдои Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва Ҳайдар Сайфиев директори муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмии фулузотгудозӣ» — и Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии Тоҷикистон» таъин карда шуданд. Хабар дода мешавад, ки А.Шарифов ва Ҳ.Сайфиев то имрӯз дар вазифаҳои мушовирони Президенти ҷумҳурӣ кор мекарданд.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






