КӮМАКИ ИМА БА АФҒОНИСТОН

Ноябрь 25, 2009 15:30

                  Кобул, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар» — афғонистон.ру). – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои расондани кӯмак ба вазорати мубориза ба муқобили маводи нашъадори Афғонистон 38,87 миллион доллар ҷудо кард. Ин маблағ барои ташкилу тақвияти мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор дар вилоятҳои мамлакат истифода бурда мешавад. Хабар дода мешавад, ки 10 миллион доллари кӯмак барои иҷрои барномаҳои рушди соҳаҳои иқтисодиёти вилояти Ҳилманд сарф карда хоҳад шуд.                    Маблағи кӯмак инчунин барои расондани кӯмак ба аҳолии вилоятҳои Лӯгар, Балх, Бағлон, Бомиён, Форёб, Ғазнӣ, Ғӯр, Ҷузҷон, Каписа, Хӯст, Кундуз, Нуристон, Пактиё, Панҷшер, Парвон, Самангон, Сарипул, Тахор ва Вардак истифода бурда мешавад. Бояд гуфт, ки дар ин шаҳру вилоятҳо парвариши зироатҳои нашъадор пурра барҳам дода шудааст. Ба ин вилоятҳо барои иҷрои барномаҳои ободонӣ як миллион долларӣ дода хоҳад шуд.                     Намояндаи сафорати ИМА дар Кобул Энтони Вен зикр кард, ки маъмурияти мамлакаташ ба ҷидду ҷаҳди вазорати мубориза ба муқобили маводи нашъадор баҳои баланд медиҳад.                       Намояндагони вазорат изҳор намуданд, ки парвариши зироатҳои нашъадор дар 20 вилояти мамлакат пурра барҳам дода шудааст. 

Ноябрь 25, 2009 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад