КӮМАКИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ ДАР АРАФАИ ИДИ ҚУРБОН
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дар арафаи Иди Қурбон аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати маъюбони ноҳияи Ҳисор маводи хўрока супорида шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд, маводи ғизоӣ аз орд, равған, гўшт, картошка, шакар, пиёз ва ғайра иборат мебошад. «Инчунин ба 250 нафар тарбиятгирандагон оши хайрия ташкил намуда, ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев бо барномаи консертии ҷолибу хушранги худ таъби тарбиятгирандагони мактаб-интернатро шод гардонданд», иттилоъ дод манбаъ.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






