КИТОБХОНАИ НАВ

Ноябрь 18, 2009 10:10

                  Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 17 ноябр дар бинои шашуми Маркази миллии саломатии ҷумҳуриявӣ маросими ботантанаи ифтитоҳи китобхонаи адабиёти бахшида ба бемориҳои асаби ба номи Абдумаҷид Пӯлодов баргузор гардид.                    Дар ҷамъомади ба ин муносибат баргузоргардида профессор, академики Академияи илмҳои табиии Русия, сармутахассиси соҳаи табобати бемориҳои асаби Тоҷикистон Абдумаҷид Пӯлодов, кормандон ва намояндагони вазорату идораҳои соҳаи тиб, вазорати маориф ва намояндагони аҳли ҷамъият иштирок доштанд.                     Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки китобхонаи мазкур бо ташаббуси вазорати тандурустӣ, вазорати маориф ва анҷумани духтурони асаби Тоҷикистон ба муносибати 70 – солагии Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва 85 – солагии олим ва табиби машҳури тоҷик Абдумаҷид Пӯлодов кушода шуд, ки аз 20 то 22 ноябр ботантана таҷлил карда мешавад.                     А.Пӯлодов ба ҳамаи ҷамъомадагон ва шогирдонаш изҳори сипос намуд, ки хизматҳои ӯро фаромӯш накардаанд ва асару мақолаҳояшро мавриди истифода қарор медиҳанд. Дар китобхона теъдоди зиёди асарҳои илмӣ бахшида ба роҳу усулҳои табобати бемориҳои асаб ҷамъ оварда шудаанд. Қисми зиёди онҳоро асару мақолаҳои илмӣ ва бойгонии шахсии А.Пӯлодов ташкил медиҳад.

Ноябрь 18, 2009 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад