КММ БА РОҒУН 20 000 СОМОНӢ ГУЗАРОНИД
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Зебо Иноятова).- Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар аз нав эҳё гардида, бо фаъолияти босамараи худ дар тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон саҳмгузор мебошад, аз муроҷиати ин иқдоми ватандӯстонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нерӯи тоза гирифта, татбиқи онро ҷонибдорӣ менамоянд. Аз ҷумла, иқдоми ватандӯстонаи Сарвари давлат дар бобати бо маблағҳои худӣ бунёд намудани иншооти муҳими стратегии нерӯгоҳи барқи обии Роғунро комилан маъқул мешуморанд. Ва ҳамчун нишони ҳамраъӣ ба ин ҳадафи созанда, ки аҳамияти басо муҳими сарнавиштсози таърихӣ барои ояндаи миллат дорад, ба суратҳисоби нерӯгоҳи барқи обии Роғун маблағи 20 000 сомониро аз ҳисоби фаъолияти худмаблаггузории ташкилот гузаронид. Итминон дорем, ки саҳмгузории шаҳрвандони мамлакат, аз ҷумла ташкилоти мазкур барои рӯҳбаландӣ, эҳтиром ба заҳмати сангини шабонарӯзии бинокорон, мусоидат менамояд. Ва Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ даст хоҳад ёфт.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






