КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МӮЪМИНОБОД
Мӯъминобод, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Дар ноҳияи Мӯъминобод тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои сармоягузорӣ ба маблоғи 4 милиону 325 ҳазору 900 сомонӣ корҳои сохтмони иҷро карда шуд,- гуфт раиси ноҳияи Мӯъминобод Сафаралӣ Зокиров, дар нишасти матбуотӣ. Ба гуфтаи С. Зокиров дар ин давра корҳои сохтмону васлгарӣ ба маблағи 3920600 сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 2 602 600 сомонӣ ба итмом расидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 169 800 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ноҳия 5 ташкилоти сохтмонӣ фаъолият дошта, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҷамъияти саҳомии «Гулдаст» ба маблағи 810 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҳасанҷон» ба маблағи 418, 8 ҳазор сомонӣ , хоҷагии деҳқонии «Раҷабалӣ» ба маблағи 298,5 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмониро ба итмом расонидаанд. Мавриди зикр аст, аз тарафи ҷамъиятҳои зикргардида сохтмони 3 мактаб, бинои шӯъбаи маориф, таъмири капиталии фабрикаи паррандапарварӣ , таъмири бинои ҳукумати ноҳия, таъмиру азнавсозии беморхонаи марказӣ ва дигар иншооти зарурӣ анҷом дода шудааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






