ЛОИҲАИ ТАЪРИХӢ
Душанбе, 2 ноябр (АМИТ «Ховар» — un.org.) — Кумитаи аввали Ассамблеяи генералии СММ лоиҳа оид ба дастгирии Шартномаи қатъи ҳамагуна озмоиши яроқҳои ядроиро қабул кард. Шартномаро мутахассисон таърихӣ номиданд, зеро бори аввал Шартнома аз ҷониби давлатҳои дорои яроқи ядроӣ — аъзои доимии Шӯрои амният пешниҳод карда мешавад. Лоиҳа бо аксари овози намояндагони давлатҳо қабул гардид. Муқобили лоиҳа танҳо Ҳиндустон ва Кореяи шимолӣ овоз доданд, давлатҳои Эрон, Исроил, Чин, Покистон ва Фаронса аз ҷараёни овоздиҳӣ даст кашиданд. Бояд гуфт, ки Кумитаи аввали Ассамблеяи генералӣ асосан масоили амниятро дар давлатҳои ҷаҳон баррасӣ мекунад. Лоиҳаи қабулшуда акнун дар ҷаласаҳои пленарӣ бояд тасдиқ карда шавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






