МАКТАБИ НАВ ДАР НОҲИЯИ ВАНҶ
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Дар қишлоқи Мотрави ноҳияи Ванч мактаби нав ба истифода дода шуд. Мактаби нав ба ифтихори 15-солагии Сарқонуни Тоҷикистон сохта шуд.Мактаби пешина соли 60-ум сохта шуда, аз 200 ҷойи нишаст, 6 синфхона ва 2 утоқ иборат буд. Аз июли соли гузашта ширкати ҶДММ «Интеграл» корҳои сохтмониро дар мактаби мазкур оғоз карда буд. Маблағи умумие, ки барои таъмири мактаб сарф шудааст 773 561 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин мактаб бо таҷҳизоти нав ба маблағи 29 060 сомонӣ ҷиҳозонида шуд. Ғайр аз ин барои гармидиҳии синфҳо ва утоқҳо дар фасли зимистон 14 печка дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» роҳбари дафтари матбуоти Маркази раёсати лоиҳаҳо дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Тоҷикистон Парвиз Саидов хабар дод.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






