МАШВАРАТИ САРВАЗИР

Ноябрь 18, 2009 09:33

                   Қӯрғонтеппа, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов 17 ноябр бо раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони корхонаю муассисаҳои калонтарини вилояти Хатлон машварат гузаронд. Дар машварат инчунин роҳбарони баъзе вазорату идораҳои ҷумҳурӣ низ иштирок доштанд.                    О.Оқилов диққати иштирокчиёни машваратро ба иҷрои вазифаҳои бамиёнгузоштаи роҳбарияти ҷумҳурӣ, аз ҷумла пурраю беталаф ҷамъ овардани пахта ҷалб намуд. Вай зикр кард, ки аз имкониятҳои мавҷуда на дар ҳамаи ноҳияҳо самарабахш истифода бурда мешавад. Мо бояд аз тамоми воситаҳо истифода бурда, пахтаро то кӯраки охирин ҷамъ орем, гуфт Сарвазир.                   Таъкид шуд, ки тадбирҳои пешбинишударо дар бобати баргардондани қарзи хоҷагиҳои пахтакор иҷро кардан зарур аст.                    Баъдан масъалаҳои ҷамъоварии андоз ва истифодаи чароғакҳои каммасрафи барқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сарвазир ба кормандони идораҳои таъминоти барқ супориш дод, ки ин масъалаҳоро дар байни аҳолӣ шарҳу тавзеҳ диҳанд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни машварати Сарвазир масъалаҳои дигари марбут ба рушди иқтисодиёти вилоят муҳокима шуданд. 

Ноябрь 18, 2009 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад