МЕҲМОНХОНАИ «СИРЕНА» КАЙ БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД?

Ноябрь 12, 2009 12:30

                 Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд Мунир Мералӣ мулоқот баргузор кард. Дар рафти мулоқот масоили иҷрои лоиҳаҳои сохтмонии Бунёди Оғохон дар ҳудуди пойтахт муҳокима шуданд.                 М.Убайдуллоев қайд кард, ки бинобар тезонидани корҳои сохтмонӣ ва бунёдкорӣ дар пойтахт пешниҳод мешавад, ки сохтмони меҳмонхонаи 5 ситорадори «Сирена» дар хиёбони Рӯдакӣ то иди Наврӯзи соли 2010 ба анҷом ва дар рӯзҳои иди Наврӯз барои хизмати меҳмонону сокинони пойтахт омода бошад.                   Мунир Мералӣ ин таклифи Раиси шаҳрро ҷонибдорӣ карда, изҳор намуд, ки Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд омода аст бо истифода аз имкониятҳои худ шаҳри Душанберо ҳамчун маркази сайёҳӣ муаррифӣ намуда барои ҷалби сармояи хориҷӣ дар рушди инфраструктураи шаҳри муосир мусоидат кунад. 

Ноябрь 12, 2009 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад