МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ СОҲАИ ТУРИЗМ

Ноябрь 25, 2009 16:37

                  Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Дар ҷараёни мулоқоти раиси Кумитаи масъалаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ва сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии демократии сотсиалистии Шри – Ланка дар Тоҷикистон Ҷаялот Виракоди масъалаҳои ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаи сафару сайёҳат, туризм, варзиш, фарҳанг, инчунин ба вуҷуд овардани бозори мутамаддини туристӣ муҳокима шуданд.                   Сафири Шри – Ланка зикр намуд, ки дар мамлакаташ соҳаи туризм хеле густариш ёфтааст ва дар он марказҳои таълимии тайёр намудани мутахассисони соҳаи туризм фаъолият доранд.                     Бинобар ин Ҷаялот Виракоди пешниҳод намуд, ки ҷавонони Тоҷикистон барои таҳсил дар курсҳои кӯтоҳмуддати омода сохтани мутахассисони соҳаи туризм ва хизматрасонӣ ба Шри – Ланка фиристода шаванд. 

Ноябрь 25, 2009 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад