«МУХТОР- С» ИСТЕҲСОЛИ ЧИГИТИ ТУХМИРО МЕАФЗОЯД
Фархор, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Мухтор-С»-и ноҳияи Фархор истеҳсоли чигити тухмиро ба 900 тонна расонид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 200 тонна зиёд мебошад. Маҳмади Ҳамидов директори ҷамъият қайд кард, ки «Корхона то ин ҷониб 4740 тонна пахта аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия қабул намуда аз ин шумора 2000 тоннаи онро коркард намудааст». Ба гуфти М. Ҳамидов корхона дар ду баст фаъолият дошта, ашёи хоми 600 хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияро мувофиқи шартнома коркард карда, ба соҳибонашон бармегардонад. Айни ҳол 520 тонна нахи соф, 28,5 тонна тибит, 11 тонна торак ва дигар навъи маҳсулотҳоро истеҳсол шудааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






