МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО АСХАТ КАРИМБОЙ

Ноябрь 30, 2009 06:59

                 29-уми ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Узви Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Раиси Шӯрои сиёсӣ — машваратии ноҳияи Синтсзяну Уйғур Асхат Каримбойро ба ҳузур пазируфт.                   Дар мулоқот масоили вобаста ба нақшаҳои ояндаи ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, пеш аз ҳама энергетика баррасӣ шуд.                   Гуфтӯйи судманд оид ба нақшаҳои муштараки сохтмони нерӯгоҳи обии Нуробод — 1, Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, зеристгоҳи 500 киловолтаи Роғун ва хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи Роғун — Душанбе ва Хуҷанд — Айнӣ сурат гирифт.                    Мусоҳибон аз сатҳ ва мазмуни ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ карда, робитаҳои иқтисодии ду кишварро дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ намуданд.

Ноябрь 30, 2009 06:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад