МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО КАДРҲОИ НАВТАЪИН
18-уми ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои сатҳи роҳбарияти вазорату идораҳо пешниҳодшударо ба ҳузур пазируфта, онҳоро ба хизмати садоқатмандонаю софдилона ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуд. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо Саймиддинов Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуманон Холиқов ва Шаҳноза Нодирова муовинони Вазири адлия, Гулчеҳра Бозорова ва Саидраҳмон Назриев муовинони Вазири рушди иқтисод ва савдо таъин карда шуданд. Се каси онҳо — Додихудо Саймиддинов, Абдуманон Холиқов ва Гулчеҳра Бозорова то ин вақт раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Саидраҳмон Назриев бошад, дар вазифаи ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. Бо қарорҳои дигари Ҳукумати мамлакат Зуҳридин Кенҷаев ва Лариса Кислякова, ки муовинони Вазири рушди иқтисод ва савдо буданд, аз вазифа озод карда шуданд. Ғайр аз ин, Абдулазиз Шарипов — собиқ Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Муовини роҳбари Департаменти сиёсати савдои Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва Ҳайдар Сафиев, ки то ин вақт Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд, Директори муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии металлургия» — и Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» таъин гардиданд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






