МУСОБИҚА АНҶОМ ЁФТ

Ноябрь 18, 2009 11:25

                Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дар Душанбе мусобиқаи дастаҳои футболи мамлакат барои ба даст овардани ҷоми идораи ҳафтаномаи «СССР» анҷом ёфт. Дар он дастаҳои футболбозони навраси соли таваллудашон 1994 – 1995 иштирок намуданд.                  Аз Федератсияи футболи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ин мусобиқа дастаи футболбозони Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ ғолиб омада, ҷои аввалро ишғол намуд. Футболбозони мактаби мазкур зимни қувваозмоӣ бо дастаи «Энергетик» ғолиб омаданд. Онҳо дар ҳамаи панҷ қувваозмоӣ ғалаба ба даст оварда, ба дарвозаи ҳарифон 11 тӯб заданд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ин мусобиқа ҷои дуюмро дастаи «Энергетик» ва ҷои сеюмро дастаи «Варзоб» ишғол намуданд.                  Дар мусобиқа аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 8 даста ширкат варзид. Узви дастаи футболбозони Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ Шоҳрӯз Норов бозингари беҳтарин дониста шуд. Вай дар давоми мусобиқа ба дарвозаи ҳарифон аз ҳама бештар – панҷ тӯб задааст. 

Ноябрь 18, 2009 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад