НАМОИШГОҲИ КИТОБ

Ноябрь 25, 2009 11:59

                   Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- 24 ноябр дар китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ намоишгоҳи китоб бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ва «Ҳафтаи китобу хониш» — и Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз шуд. Намоишгоҳи китоб бо ташаббуси китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ ва Маркази фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.                    Намоишгоҳро Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст кушод.                     Дар намоишгоҳ беш аз 130 номгӯи китобҳо пешкаши хонандагон шуданд. Намояндаи Маркази фарҳангии Эрон зикр намуд, ки 230 китоб ва техникаи компютерӣ аз номи Сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ тӯҳфа карда мешавад.

Ноябрь 25, 2009 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад