РӮЙ БА ФУРӮЗОНАКҲОИ КАММАСРАФ
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Бо мурури замон мардум ба аҳамияти фурӯзонакҳои каммасрафи диодӣ бештар сарфаҳм мераванду кӯшиш менамоянд, ки дар хонаҳояшон аз онҳо истифода баранд, зеро хароҷоти барқро нисбат ба солҳои қаблӣ 25 – 35 фоиз камтар мепардозанд. Тавре Азим Вафодоров — мудири шӯъбаи саноат, сохтмон, коммуникатсия ва кишоварзии дастгоҳи раиси ВМКБ иттилоъ дод, Ҳукумати ҷумҳурӣ чун имдод ба маъюбон, бепарасторон, камбизоатон 52 ҳазор адад фурӯзонакҳоро фиристонид, ки ба ниёзмандон тақсим шудаанд. Бо маблағи мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ низ 500 – 600 ададӣ чунин фурӯзонакҳо ба ниёзмандон тақсим шуданд. Роҳбарони аксарияти муассисаву идораҳо низ барои коргаронашон ройгон фурӯзонакҳо тақдим намуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






