РӮЗИ ПАРЧАМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БО 7000 ҶАВОН

Ноябрь 25, 2009 16:20

                    Суғд, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов).-Ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва дастгирии ҳамаҷонибаи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар таҷлили 15-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон доштани санаи 24 -уми ноябр ҳамчун «Рӯзи парчам» бо ташаббуси Раёсат роҳпаймоии зиёда аз 7500 нафар ҷавонони фаъоли вилояти Суғд баргузор гардид.                      Роҳпаймоӣ ҳаракати худро бо иштироки 1000 нафар ҷавонони фаъоли ноҳияи Б.Ғафуров бо бардоштани Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (андозаи 10х50м) аз назди ҳайкали Б.Ғафурови ноҳияи Б.Ғафуров оғоз намуда, то варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд идома ёфт.                      Бояд тазаккур дод, ки ба ҷавонони ноҳияи Б.Ғафуров аз гардиши шаҳрҳои Чкалов (500 нафар), Қайроққум (500 нафар), Хӯҷанд (3000 нафар) ва донишҷӯёни Донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилоят (2500 нафар) ҷавонони фаъоли дигари шаҳрҳои номбурда ба роҳпаймоӣ ва бардоштани парчами миллӣ ва гулҳо ҳамроҳӣ намуданд.                        Баъдан, ҷавонон вориди варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд гардида, барномаи консертии идонаи ситораҳои эстрадии вилоят пешкаши ҷавонон гардид. 

Ноябрь 25, 2009 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд