РОҲИ МОШИНГАРДИ ЗУОРАК

Ноябрь 12, 2009 14:43

                 Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Мавзеи Зуораки ҷамоати Дарморахти ноҳияи Шуғнон дар баландӣ воқеъ аст. 18 га замини корам дорад, ки барои кӯҳистони камзамин он баробари садҳо гектар замин қиммат дорад. Зуорак аз роҳи мошингард беш аз 6 км дуртар воқеъ аст, одамон тирамоҳ вақти ба деҳа кашондани маҳсулот бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мегардиданд.                 Ин мушкилот солҳо такрор ёфта, хушбахтона ҳамин сол ҳалли худро ёфт. Баҳори соли ҷорӣ тариқи барномаи SIDA бунёди роҳи 6 км то тарафи Зуорак оғоз гардид. Барнома дар доираи 4000 доллари амрикоӣ амалӣ гардид. Ин маблағ барои харидани маводи сӯхту тарканда ва ҳаққи тракторчиён масраф гардид. Корҳои дастиро ҷавонони деҳаҳои поёнии ҷамоати Дарморахт ройгон сомон доданд. Ҳоло дар роҳи мошингарди Зуорак нақлиёт дар ҳаракат аст.

Ноябрь 12, 2009 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад