САҲМИ ЗАНОНИ НОҲИЯИ ҲИСОР ДАР БУНЁДИ «РОҒУН»-30 000 СОМОНӢ
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ Ховар, Дилшодаи Ҷонмард).- Тавре иттилоъ дода будем, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, иқдоми Президенти мамлакатро дар хусуси ҷабҳаи заҳмати созанда ба хотири ободии Ватан эълон намудани майдони сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ҷонибдорӣ намуда, муроҷиатнома қабул намуд ва онро тавассути воситаҳои ахбори омма ба унвони бонувони кишвар пешниҳод кард. Дар ҳақиқат бонувони кишвари мо роҳи интихобнамудаи Сарвари давлатро пеш аз ҳама дастгирӣ намуда, бо сарбаландӣ барои ободонии Ватани хеш саҳмгузор мебошанд. Мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Ҳисор Хайринисо Раҷабова ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки 12 ноябри соли равон Шӯрои занони ноҳияи Ҳисор зимни як нишаст муроҷиатномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаматарафа дастгирӣ намуданд. Онҳое, ки дар мақомоти давлатӣ ва дар сатҳи роҳбарӣ фаъолият мекунанд маоши як рӯзи кориашонро ба саҳмияи НБО «Роғун», ки ҷамъ 30 ҳазор сомониро ташкил дод, ирсол намуданд. Ҳамчунин, 300 нафар ҷавондухтароне, ки дар Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Истиқлолият» дар ноҳияи Ҳисор кор мекунанд, ба маблағи 900 сомонӣ ба сохтмони ин иншооти тақдирсози миллат ирсол намуданд. Дар баробари ин, як гурӯҳ занон аз ҷамоати деҳоти Навобод, ҷамоати шаҳраки Ҳисор, ҷамоати деҳоти Ҳисор ва ҷамоати Деҳқонобод низ саҳмгузорӣ намуда истодаанд. «Айни ҳол мо дар саҳрои пахтачинӣ қарор дорем ва пахтачинҳо низ қарор доданд, ки якрӯза музди меҳнаташонро ба НБО «Роғун» ирсол намоянд. Онҳо аз ояндаи дурахшони ин иншооти ҳаётан муҳими миллӣ изҳори боварӣ карда, таъкид доштанд, ки дар самти амалишавии ҳадафҳои мамлакат бетараф нахоҳанд буд», — гуфт дар хотима Х. Раҷабова.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






