САҲМИЯҲОИ РОҒУН ФУРӮХТА МЕШАВАНД
Душанбе, 25 ноября. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Саҳмгузорӣ ба сохтмони яке аз иншоотҳои азими энергетикии кишвар Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, бо муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо аз ҷониби ташкилоту корхонаҳо ва табақаҳои гуногуни аҳолии кишвар дастгирии ҳамаҷониба пайдо намуда истодааст. Вобаста ба ин дар Бинои марказии Бонки давлатии амонагузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк »ҷамъомад бо иштироки васеъи роҳбарият ва кормандони бонк ҷиҳати дастгирии муроҷиати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андешидани тадбирҳои мушаххас оид ба дастгирии молиявии Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» доир гардид. Дар иртибот ба муроҷиати мазкур Раёсати бонк тасмим гирифтааст, ки аз ҳисоби фоидаи бонк ба маблағи 2 миллион сомонӣ саҳмияҳои сохтмони Нерӯгоҳи мазкурро харидорӣ намояд. Ҳамчунин аҳли кормандон ва мутахассисини бонк низ иқдом гирифтаанд, ки аз ҳисоби музди меҳнаташон саҳми худро дар сохтмони мазкур хоҳанд гузошт.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






