ТАДБИРҲОИ ҚАТЪИИ ТАЪМИНИ АМНИЯТ ДАР АФҒОНИСТОН
Кобул, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар» — Aфғонистон. ру). – Пагоҳ, 19 ноябр дар пойтахти Давлати Исломии Афғонистон — шаҳри Кобул маросими савгандёдкунии президенти мамлакат Ҳамид Карзай баргузор мегардад. Ба ин муносибат дар Кобул ва ноҳияҳои атрофи он тадбирҳои қатъии таъмини амният амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, хабар дода мешавад, ки роҳҳои даромаду баромади пойтахти мамлакат 19 ноябр комилан баста хоҳанд шуд. Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва амният дар Кобул ситоди махсуси байниидоравӣ таъсис дода шуд. Ситоди мазкур фаъолияти тамоми сохторҳои низомӣ ва интизомиро дар ҷараёни маросими савгандёдкунии президент ҳамоҳанг месозад. Мақомоти муҳофизи қонуну тартиботи Афғонистон 17 ноябр ба аҳолӣ муроҷиат карда, сокинони мамлакатро даъват намуданд, ки барои таъмини амният бо мақомоти дахлдор ҳамкорӣ кунанд. Бо ин мақсад дар вазорати корҳои дохилӣ ва раёсати амнияти миллӣ барои ҷамъ овардани маълумоти таъҷилӣ хатҳои мустақими алоқа ташкил карда шуданд. Хабар дода мешавад, ки 19 ноябр парвозу нишасти ҳавопаймоҳо дар майдони байналхалқии ҳавоии Кобул қатъан манъ карда мешавад. Майдони ҳавоӣ 19 ноябр танҳо ҳавопаймоҳоеро қабул мекунад, ки меҳмонони хориҷӣ бо онҳо ба Кобул меоянд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






