ТАЙЁРИИ ҶАМЪИЯТИ МУДОФИАВИИ НОҲИЯИ ҲИСОР
Душанбе, 26 ноябр (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Ҳамасола Қарори дахлдори ҳукумати ҷумҳурӣ бобати омодагӣ ба фасли зимистон қабул мегардад. Мутобиқ ба он фармони раиси КМ ТҶММ-и ҷумҳурӣ низ ба имзо мерасад, ки сохторҳои ташкилотро вазифадор мекунад то ба фасли сармо омодагии ҷиддии худро ҷиҳати захираи маводи сӯхт барои гарм нигоҳ доштани утоқҳои корӣ ва синфхонаҳои таълимӣ ба роҳ монанд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ҷамъияти мудофиавии ноҳияи Ҳисор ба ин хотир нақшаи чорабиниҳоро тартиб додааст. Дар асоси он таъмири синфхонаҳои таълимӣ анҷом дода шуда, 10 тонна ангишт ва 10 метри мукааб ҳезум захира гардидааст. Ноқилҳои барқии дохили роҳрав, утоқҳои корӣ ва синфхонаҳои таълимӣ бошанд, аз таъмир баромаданд. Барои дастгоҳи барқдиҳандаи худкор, ки дар вақти набудани нерӯи барқ истифода мегардад, роҳбарияти созмони мудофиавии ноҳияи Ҳисор таъмини миқдори зарурии сӯзишвориро пешбинӣ намудааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






