ТАШКИЛИ СИСТЕМАИ ВОКУНИШИ ДАСТАҶАМЪӢ ДАР СААД
Маскав, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – 26 ноябр дар Маскав маҷлиси навбатии Шӯрои ҳамоҳангсози давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар бобати бартараф сохтани вазъияти фавқулодда баргузор мегардад. Дар он натиҷаҳои иштироки ҷузъу томҳои мақомоти вазъияти фавқулоддаи мамлакатҳои аъзои созмон дар машқи махсуси «Ҳамкорӣ — 2009», масъалаҳои ташкили ҳамкории давлатҳои аъзои созмон зимни гузаронидани машқҳои дастаҷамъӣ бо мақсади муҳофизати одамон аз амалиёти ҷангӣ ё вазъияти фавқулодда, муқаррар намудани муносибати ягонаи гузаронидани амалиёти наҷотдиҳӣ, истифодаи техникаи махсуси наҷотдиҳанда зимни фалокатҳои табиӣ, тайёр кардани мутахассисон ва ғайра муҳокима карда мешаванд. Муовини Муншии умумии созмон Валерий Семериков хабар дод, ки Шӯрои ҳамоҳангсози бартарафкунандаи вазъияти фавқулоддаи СААД бо қарори сарони давлатҳои аъзои созмон моҳи октябри соли 2007 таъсис ёфта буд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






