УСУЛҲОИ НАВИ МАБЛАҒГУЗОРӢ

Ноябрь 18, 2009 09:30

                   Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Тибқи нақшаи ислоҳоти соҳаи маорифи мамлакат, мактабҳои миёна ва таҳсилоти умумии ҳамагонӣ аз 1 январи соли 2010 сар карда, ба усули нави маблағгузорӣ, яъне таъминоти молиявии саросарии талабагон ва кормандони соҳаи маориф мегузаранд. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои омӯзгорон бо мақсади омӯхтани усулҳои нави маблағгузорӣ семинарҳо ташкил карда мешаванд. Айни ҳол 1113 нафар кормандони шӯъбаҳои муҳосибаи 1169 мактаби 25 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ дар чунин семинарҳо ширкат меварзанд. Семинарҳои мазкур имрӯзҳо дар ноҳияҳои Ишкошиму Рӯшон ва Ванҷу Тавилдара давом доранд.                   Ҳадафи семинарҳо ба муҳосибон омӯзонидани тарзу усулҳои нави тартиб додани нақшаи буҷет ва нақшаи хароҷоти маблағ, инчунин бо мақсадҳои муайян ва сарфакорона истифода бурдани маблағ мебошад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки чунин семинарҳо аз 9 то 14 ноябр барои муҳосибони мактабҳои ноҳияҳои Мурғобу Дарвоз ва Роштқалъа гузаронида шуданд. Қайд кардан лозим аст, ки то имрӯз 2462 мактаби миёна ва таҳсилоти умумии ҳамагонии 43 шаҳру ноҳияи мамлакат мувофиқи усулҳои нави маблағгузорӣ кор мекунанд.

Ноябрь 18, 2009 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад