ЯРМАРКАИ ФУРӮШ ДАР ҚУРҒОНТЕППА
Қӯрғонтеппа, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Қӯрғонтеппа ярмарка-фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои дастии устоҳо ва ҳунармандони вилояти Хатлон ва Афғонистон баргузор гардид. Ярмарка бо ташаббуси ҳукумати вилояти Хатлон ва созмони ҷамъиятии «Сапеда» ташкил карда шуда буд. Дар назди ҳозирин Раиси вилоят Ғайбулло Афзал баромад карда, зикр намуд ки ӯ тарафдори чунин чорабиниҳо мебошад. Чунин чорабиниҳо барои рушд ва барқарор кардани муносибатҳои иқтисодии дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон мусоидат мекунад. Ҳамчунин дар арафаи 15-солагии қабул шудани Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар яке аз шаҳракҳо бинои нави Раёсати адлияи вилояти Хатлон ба истифода дода шуд. Барои сохтмони бино аз бюджети давлат беш аз 1 миллиону 200 сомонӣ сарф карда шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






