ҚОНУН «ДАР БОРАИ ОМОРИ ДАВЛАТӢ ТАКМИЛ ДОДА МЕШАВАД

Декабрь 29, 2009 11:31

                Душанбе, 29 декабр.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат Сайдулло Хайруллоев баргузор шуд, баррасӣ гардид.                  Вакили Маҷлиси намояндагон Исмоил Талбаков зимни шарҳи масъалаи мазкур гуфт, ки ҳадаф аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур таҳлили амиқ ва дурусти нишондодҳои омории вазорату идора ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ва дар ин замина беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти намояндагиҳои Кумитаи давлатии омори мамлакат дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад. Ҳамзамон, дар ин давра қонунгузории соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ хело пеш рафта, дар соҳаи омори давлатӣ низ қонунгузорӣ бояд такмил дода мешуд, ки ин мавриди мукотибаи электронӣ ва пешниҳоди ҳисоботи электронӣ ба қонунӣ гардонидани маълумоти омориро дар барандаҳои электорнӣ талаб менамояд.                    Ба андешаи И. Талбаков асоснокии қабули қонуни нав дар ин соҳа аз нисф зиёд ворид шудани тағйирот бо мақсади такмили омори расмӣ, мукаммалсозии тарз ва услубҳои ҳисобот, мувофиқ кардани стандарти системаи ҳисобҳои миллӣ ба стандарти системаи ҷаҳонӣ мебошад. 

Декабрь 29, 2009 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад