ҲОМИД КАРЗАЙ БО «ТОЛИБОН» ГУФТУШУНИД КАРДАН МЕХОҲАД
Лондон, 4 декабр. (АМИТ «Ховар» — Прайм — ТАСС ). — Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай 3 декабр изҳор намуд, ки тайёр аст, бо роҳбарияти ҷунбиши «Толибон» аз ҷумла Муллоумар гуфтушунид кунад. Ман ҳамчун Президенти Афғонистон аз ҳар гуна имконияти мусоид истифода бурда, мехоҳам, вазъияти мамлакатро мӯътадил созам. Бо ин мақсад тайёрам, ки бо роҳбарони гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат, аз ҷумла ҷунбиши «Толибон» сари мизи мушовара нишинам. Дар ин бобат мо ба кӯмаки Созмони Милал умед мебарндем, гуфт Ҳ.Карзай. Вай таъкид намуд, ки яке аз роҳҳои самарабахши ба эътидол овардани вазъияти мамлакат гуфтушунидҳои мусолиматомез мебошанд. Вазъи мамлакатро танҳо бо зӯри аслиҳа мӯътадил сохтан мумкин нест, гуфт президент.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






