ҲУНАРМАНДОНИ ТОҶИК ДАР ҶАШНҲОИ СОЛИНАВИИ УКРАИНА

Декабрь 4, 2009 10:38

                 Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Бо ташаббус ва пешниҳоди губернатори вилояти Харков Арсен Аваков ҳайати эҷодии ҳунармандони Тоҷикистон бо мақсади иштирок кардан дар чорабиниҳои солинавӣ, ба Украина сафар хоҳанд кард. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дастаи рақсии «Падида», сароянда Гулчеҳра Қурбонова, бародарон Олимҷон ва Алишер Солиевҳо дар ҳайати ҳунарӣ шомил мебошанд. Муҳтавои баромади идонаи ҳайати ҳунарӣ аз мусиқии эстрадии муосир, фолклор ва аносири ҳунарҳои мардумии тоҷик иборат аст.                 Губернатори вилояти Харков ҳангоми боздиди расмии хеш аз Ҷумҳурии Точикистон аз ҳунари волои сарояндагон ва раққосон мафтун шуда изҳор карда буд, ки мехоҳад барномаи консертии ҳунармандони тоҷикро дар чорабиниҳои солинавии кишвари хеш бубинад.                   Айни ҳол санъаткорон барноми бадеӣ-эҷодиро такмил медиҳанд.

Декабрь 4, 2009 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад