85-СОЛИ БАДАХШОН

Декабрь 28, 2009 12:02

                   Хоруғ, 28 декабр. (АМИТ «Ховар»,Л. Додо ). — 2-юми январи соли 2010-ум ба таъсисёбии ВМКБ расо 85-сол пур мешавад.85-сол барои таърих фосилаи кӯтоҳ аст, вале барои Бадахшон ин давраи басо пурпечутоб ва тақдирсоз буд, зеро Бадахшон чун сарзамини кӯҳанбуёд дар таърих нақши муассир дошта бошад ҳам, танхо каме беш аз як аср чун минтақаи дорои ҳудуди маъмури ва мақомоти давлатӣ шинохта шуд.                   ВМКБ қисмати ҷудонопазири Тоҷикистон буда,аз ҳафт ноҳия иборат аст ва шаҳри Хоруғ маркази маъмурии он эътироф шудааст. Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва маблағгузориҳои ҳукумати марказӣ соли ҷорӣ дар вилоят бунёди 200 иншоот идома дорад.                     Бо фармони Президенти мамлакат ҷашни ваҳдати миллӣ, соли 2010 дар ВМКБ таҷлил мегардад, ки ин низ шаҳодати таваҷҷуҳи ҳукумати ҷумҳурӣ ва шахсан Сарвари давлат ба Бадахшон мебошад.

Декабрь 28, 2009 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад