АҒБАҲО БАСТА ШУДАНД

Декабрь 3, 2009 15:24

                    Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати сохтмони хоҷагиҳои роҳи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳар ду ағбаи нақлиётгузари мамлакат: ағбаи Хобурубот ва ағбаи Анзоб бинобар боридани барф баста шуданд.                      Ҳар сол аз моҳи ноябр то моҳи май ин ағбаҳои нақлиётгузари мамлакат ба хотири таъмини амнияти мусофирон ва ронандагон баста мешаванд. Айни ҳол ҳаракат ба самти шимоли мамлакат ба воситаи нақби Истиқлол ва ба самти ВМКБ ба воситаи шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб — Дарвоз ба роҳ монда шудааст. Дар нақби Истилол то ҳанӯз корҳои таъмирӣ — сохтмонӣ идома дошта ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти вазнин аз рӯи реҷа ва барои нақлиёти сабукрав бемаҳдудият иҷозат дода шудааст, -гуфт сарчашма.

Декабрь 3, 2009 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд