АНҶУМАНИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ИТТИФОҚИ ТОҶИКИСТОНИЁНИ РУСИЯ
Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар» — стр — орг.ком). — Бо қарори маҷлиси навбатии Кумитаи иҷроияи анҷумани Созмони ҷамъиятии умумироссиягии «Иттифоқи тоҷикистониёни Русия» дар шаҳри Перм анҷумани ғайринавбатии фавқулодда (Маҷлиси умумии) «Иттифоқи тоҷикистониёни Русия» баргузор гардид. Дар маҷлиси умумӣ эродҳои вазорати адлияи Федератсияи Русия ба фаъолияти созмон аз рӯи натиҷаҳои тафтиши мувофиқи нақша гузаронидашуда муҳокима карда шуданд, ки ба риоя накардани Оиннома ва талаботи моддаҳои 24 ва 29 Қонуни федералӣ аз 19 майи соли 1995 «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» дахл доштанд. Иштирокчиёни анҷуман эродҳои пешниҳодшударо қабул карда, ба Оинномаи созмон тағйирот ворид сохта, барои бартараф сохтани хилофкориҳо ва қонуншиканиҳо комиссия ташкил намуда, ба раиси Иттифоқи тоҷикистониёни Русия супориш доданд, ки дар муддати кӯтоҳ ба унвони вазорати адлияи Федератсияи Русия мактуб тайёр намуда, ҳуҷҷатҳои заруриро ба вазорати мазкур фиристад. Анҷуман шахсонеро, ки талаботи Оинномаро иҷро накарда, ҳуҷҷатҳои заруриро сари вақт иҷро нанамуда ва қарорҳои Кумитаи иҷроияи созмонро иҷро накардаанд, аз ҳайати Кумитаи иҷроия ва Иттифоқи тоҷикистониёни Русия хориҷ кард. Анҷуман аз ҷумлаи аъзои Кумитаи иҷроияи созмон муовинони раиси онро интихоб намуд. Одинаев Сайфиддин Ҷурублоевич муовини раиси созмон дар вилояти Перм, Нағзибеков Нағзибек Наврӯзшоевич муовини раиси созмон дар Округи федералии ҷанубӣ, Исҳоқов Темурхӯҷа Амирхӯҷаевич муовини раиси созмон дар Округи федералии Урал, Гулов Пирмаҳмад Самадович муовини раиси созмон дар Округи федералии Сибир интихоб гардидаанд. Инчунин барои интихоби муовинони раиси созмон дар округҳои федералии Марказӣ, Шимолу ғарбӣ ва Шарқи Дур номзадҳо пешбарӣ карда шуданд. Онҳо дар маҷлисҳои ҷамъиятҳои минтақавии тоҷикон муҳокима карда хоҳанд шуд. Иштирокчиёни анҷуман ҳамаи ҳамдиёрон ва ҷамъиятҳои тоҷиконро даъват намуданд, ки дар атрофи созмони ягонаи федералӣ — Созмони ҷамъиятии умумироссиягии «Иттифоқи Тоҷикистониёни Русия» муттаҳид шаванд. Вакилони анҷуман муроҷиати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи зарурати анҷоми сохтмони НБО «Роғун» ва харидани саҳмияҳои он якдилона дастгирӣ карданд. Ба раиси Иттифоқи тоҷикистониёни Русия Абдулло Давлатов супориш дода шуд, ки ба унвони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи маъқул донистан ва ҷонибдорӣ намудани сиёсати ҳифзи шарафи миллӣ ва таҳкими давлатдории тоҷикон муроҷиатнома тайёр намояд.








Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






