АНҶУМАНИ ДАҲУМИ ҲХДТ

Декабрь 26, 2009 10:39

                  Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Имрӯз, соати 10 дар Коҳи Борбад анҷумани даҳуми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кушода шуд. Дар он меҳмонон аз баъзе мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон ҳузур доранд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки анҷуман бо суханронии раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.                  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 ташкил ёфта буд. Дар анҷумани нахустини он 200 нафар аъзои ҳизб ва намояндаи ҳизби Руминия Гаврил Николау иштирок доштанд. Бояд гуфт, ки номи ҳизб то соли 1997 Ҳизби Халқии Тоҷикистон буд. Номи он дар анҷумани сеюми ҳизб ба Ҳизби Халқии демократӣ табдил дода шуд.                    Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон 10 марти соли 1998 узви ҲХДТ гардид.                    18 апрели соли 1998 анҷумани чоруми ҲХДТ баргузор гардид. Иштирокчиёни анҷуман ҳамон вақт Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро раиси ҳизб интихоб намуданд.                    Эмомалӣ Раҳмон 22 сентябри соли 2001 дар анҷумани 7 – уми ҳизб нутқи барномавӣ эрод намуда, сиёсати стратегии ҳизбро дар марҳалаи нави пешрафти ҷомеа – марҳалаи бунёдкорӣ ва сохтмони ҷомеаи нав муайян намуд.                   ҲХДТ созмони ҷамъиятию сиёсӣ мебошад, ки фаъолияти он ба бунёди ҷомеаи соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва инсонпарвар равона шудааст ва ҳадафи он беҳтар сохтани шароити зиндагии аҳолии мамлакат мебошад.                     Имрӯз Ҳизби Халқии Демократӣ қариб 125 ҳазор аъзо дорад.

Декабрь 26, 2009 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад