БОЗДИДИ ХАБАРНИГОРОНИ ВАТАНИЮ ХОРИҶӢ АЗ ИНШООТИ МУҲИМИ СТРАТЕГӢ

Декабрь 28, 2009 14:20

                  Душанбе, 28 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо ташаббуси Шӯрои Ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳе аз намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ 25 декабр аз маҳали сохтмони Нерӯгоҳи Барқи — Обии «Роғун» боздид намуданд.                  Намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ВАО бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ, шароити кору истироҳати коргарону мутахассиони ин иншооти бузурги стратегӣ аз наздик шинос шуданд. Ҳамзамон, бо роҳбарияти шаҳри Роғун Исматулло Зайдов ва Директори Ҷамъияти саҳҳомии Нерӯгоҳи Барқи- Обии «Роғун» Нурулло Шулашов мулоқот карданд. Зикр шуд,ки корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун», ки ҳамчун иншооти муҳими сарнавиштсоз барои Тоҷикистон маҳсуб мешавад, бовусъат идома дорад. Дар мавриди ба истифода додани НБО «Роғун» Тоҷикистон пурра ба истиқлолияти энергетикӣ мушарраф мегардад. Алҳол дар сохтмони ин иншооти муҳими аср беш аз 7 ҳазор коргарону мутахассисон фаъолият менамоянд, ки маошашон дар як моҳ аз 1600 то 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар айни замон дар НБО «Роғун» корҳои омодагӣ барои бастани маҷрои дарёи Вахш бо суръат идома дорад. Дар назар аст, ки корҳои сохтмонию васлгарӣ дар НБО «Роғун» дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонида шуда, он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Декабрь 28, 2009 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад