БОЗДОШТИ МАЙОРИ МИЛИТСИЯ ҲАНГОМИ РИШВАСИТОНӢ

Декабрь 15, 2009 10:17

                  Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Шаҳрванд «К» ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Хатлон, шўъбаи минтақаи Кӯлоб бо ариза муроҷиат намуд, ки нозири минтақавии ШКД-и шаҳри Кӯлоб Ҳакимов Мирзоалӣ Пиракович, барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани бародараш Худойқулов Х.Ш. аз ў ба сифати пора 700 доллари ИМА талаб намудааст.                  Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврии ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони шӯъбаи минтақаи Кӯлоби Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон дар таърихи 13.10.2009с. тахминан соатҳои 14-30 дақиқа дар ҳуҷраи кориаш нозири минтақавӣ, майори милитсия Ҳакимов М.П. баъди гирифтани 600 доллари ИМА дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ў ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда шуд.                    Нисбати Ҳакимов М.П. бо аломатҳои моддаҳои 32 қ. 3 ва 319 қ.1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, парванда баъди ба охир расидани тафтиши пешакӣ, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

Декабрь 15, 2009 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад