БУНЁДИ ПУЛИ 5-УМ
Хоруғ, 28 декабр. (АМИТ «Ховар»,Л. Додо ). – Бунёди пули мавзеи Хумроғи аз болои рудхонаи Панҷ ба ҷониби Давлати Исломии Афғонистон дар ноҳияи Ванҷ идома дорад. Ин панҷумин пулест, ки Ҷ умҳурии Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мепайвандад. Дарозии пул 222 метр буда дар ВМКБ калонтарин маҳсуб меёбад. Ҳоло дар ин мавзеъ корҳои сохтмонӣ дар ду баст идома доранд ва мошину таҷҳизоти зиёди техникӣ дар ҳар ду соҳили дарё кор мекунанд. Дар сохтмони пул мутахассисон ва коргарони ду идораи роҳсозии рақами 8 шаҳри Хоруғ ва идораи махсуи пулсозии рақами 6 ноҳияи Рудакӣ машғул мебошанд. Аллакай дар ҳар ду соҳили дарё қариб 40% корҳои сохтмонӣ бо ҷо оварда шуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






