ДАР ТОҶИКИСТОН 7 БЕМОРИ А/Н1N1 БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

Декабрь 4, 2009 10:30

                   Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Аз вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки то имрӯз дар мамлакат 7 бемори гирифтори гриппи навъи А/Н1N1 ба қайд гирифта шудааст. Яке аз онҳо ба ин беморӣ дар худи Тоҷикистон гирифтор шуд, шахсони дигар ба қарибӣ аз сафари Ҳиндустон, Африқо, Италия, Русия ва Чин баргашта буданд.                  Қайд карда шуд, ки ҳамаи беморон дар шифохона табобат карда, ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.                  Бояд гуфт, ки дар муассисаи давлатии санитарию эпидемиологии ҷумҳурӣ барои ошкор намудани бемории мазкур озмоишгоҳи махсус кушода шудааст. Мутахассисони вазорати тандурустӣ бо мақсади пешгирии беморӣ дар корхонаю муассисаҳо, мактабҳо ва дар байни аҳолӣ машғулиятҳои гуногун мегузаронанд.                    Илова бар ин бо маблағи Бонки ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо таҷҳизоти махсуси тиббӣ харида ба Тоҷикистон фиристода шуд. Таҷҳизоти мазкур имкон медиҳад, ки бемории зукоми хук фавран ошкор намуда ва беморон сари вақт табобат карда шаванд.

Декабрь 4, 2009 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад