ФАЪОЛИЯТИ ЯКСОЛАИ ЖУРНАЛИСТОН БАРРАСӢ МЕШАВАД

Декабрь 28, 2009 14:29

                 Кӯлоб, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). — 29 декабри соли ҷорӣ дар толори китобхонаи ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки журналистони расонаҳои хабарии минтақаи Кӯлоб ҷамъомад баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» иҷрокунандаи вазифаи раиси Созмони журналистони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Суҳробшои Фаррухшо иттилоъ дод.                Дар ҷамъомади мазкур баррасии се масъала дар назар дошта шудааст: натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи журналистони минтақа, саҳмгузории журналистон дар сохтмони НБО Роғун, тартиби нашр ва дастрасии матлабҳо дар расонаҳои ҷумҳуриявӣ.                Тавре С.Фаррухшо қайд кард, як сол пеш гурӯҳи рӯзноманигорони минтақаи Кӯлоб бо ташаббуси худ барои ҳамоҳанг сохтани фаъолияти касбӣ, баррасии мушкилоти мавҷуда ва бо ҳам овардани рӯзноманигорони расонаҳои мустақил ва давлатӣ созмони журналистони минтақаи Кӯлоб таъсис дода шуд.                 Дар ҷамъомади журналистони минтақа роҳбарияти шаҳри Кӯлоб, намояндагони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва меҳмонон иштирок хоҳанд кард.

Декабрь 28, 2009 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад