ФАЪОЛЗАНОНИ ТОҶИК ДАР МАҲАЛИ СОХТМОНИ «НБО «РОҒУН»
Душанбе, 15 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Корвони фаъолзанони тоҷик таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Хайриниссо Юсуфӣ аз шаҳраки сохтмонии Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» баргаштанд. Корвони модарони тоҷик, ки дар он ҳунармандони шинохта ба мисли Нигина Рауфова, Мастона Эргашева, Нуқра Раҳматова, Майрам Исоева, Савриниссо Сабзалиева ва ансамбли этнографии «Қаратоғ»-и шаҳри Турсунзода шомил буданд, дар назди сохмончиёни ин иншооти сарнавиштсози миллат ҳунарнамоӣ карданд. Шоираҳои ширинкалом Меҳриниссо ва Шаҳрия бошад аз ашъори тозаэҷоди худ шеърҳо қироат карда, рӯҳи сохтмончиёни НБО-ии «Роғун»-ро болида сохтанд. Муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Қимматгул Алибердиева дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ инчунин ба маблағи беш аз 25 ҳазор сомонӣ ба сохтмончиёни нерӯгоҳи «Роғун» ҳамчун армуғони соли навӣ либосҳои гарм ва хӯровкорӣ ҳадя карданд. Қимматгул Алибердиева афзуд, ки дар ин амали хайр саҳми Кумитаҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ калон аст.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






