ГИРДИҲАМОӢ ДАР НАЗДИ ҲАЙКАЛИ А.МИРОНЕНКО
Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 27 декабри соли равон дар назди ҳайкали Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко ҷамъомади аскарони интернатсионалист ва иштирокчиёни амалиёти ҳарбии аскарони шӯравӣ дар Афғонистон баргузор гардид. Дар ҷамъомад намояндагони сафорати Русия дар Тоҷикистон ширкат варзиданд. 12 декабри соли 1979 мувофиқи пешниҳоди комиссияи Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳайати Ю.В.Андропов, А.А.Громыко, Д.Ф. Устинов, Б.Н.Пономарёв муншии умумии ҲКИШ Л.Брежнев дар бораи расонидани кӯмаки ҳарбӣ ба ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Афғонистон қарор қабул карда буд. Ҳамон вақт дар асоси қарори мазкур ба Афғонистон қитъаҳои маҳдуди артиши Шӯравӣ дохил карда шуданд. 14 апрели соли 1988 дар натиҷаи миёнаравии СММ дар Женева вазирони корҳои хориҷии Афғонистон ва Покистон дар бораи қатъи ҷангу хунрезӣ дар мамлакат сислсилаи ҳуҷҷатҳоро имзо карданд. Кафолати иҷрои ин ҳуҷҷатҳоро Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳида ба зимма гирифтанд. Дар натиҷа Иттиҳоди Шӯравӣ вазифадор гардид, ки қисмҳои ҳарбии худро дар давоми 9 моҳ аз қаламрави Афғонистон барорад. Қисмҳои ҳарбии Шӯравӣ таҳти роҳбарии фармондеҳи генерал Борис Громов 15 феврали соли 1989 аз Афғонистон бароварда шуданд. Ба ақидаи коршиносони Ғарб, Ҳукумати Шӯравӣ дар ҷанги Афғонистон қариб 80 миллиард доллари ИМА сарф кардааст. Дар ҷараёни амалиёти ҳарбӣ дар Афғонистон 15 ҳазору 51 аскару афсари шӯравӣ ҳалок гардида, 53 ҳазору 753 нафар маҷрӯҳ ва 417 нафари дигар бе ному нишон гум шуданд. Аз Тоҷикистон бошад дар ин ҷанг 365 аскар ҳалок шуд. Ҳоло дар мамлакати мо 6 ҳазору 800 аскари интернатсионалист зиндагӣ мекунад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






