ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОӢ БАРҲАМ ДОДА ШУД

Декабрь 4, 2009 10:54

                    Маскав, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Аз Раёсати иттилооти Хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Федератсияи Русия ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки 3 декабр фаъолияти қариб даҳсолаи гурӯҳи муташаккили ҷиноии «Судаков – Старостин» қатъ карда шуд.                      Дирӯз мурофиаи судии аъзои гурҳи муташаккили ҷинояткор баргузор гардид. Аъзоёни он дар давоми қариб даҳ сол дар шаҳри Толяти ва ноҳияҳои гирду атрофи он амал мекард. Даромади ҳаррӯзаи гурӯҳ аз фурӯши маводи нашъадор, аз ҷумла, героин аз 400 то 900 ҳазор рубли Русия буд. Гурӯҳи мазкур ҳанӯз соли 1996 аз тарафи ҷинояткорони ашаддӣ Судаков ва Старостин ташкил ёфта буд. Гурӯҳ дар давоми солҳои гузашта хариду фурӯши маводи нашъадорро дар вилояти Самара ба ихтиёри худ гирифта буд.                       Мақомоти муҳофизи қонун дар ҷараёни амалиёт 41 узви гурӯҳро дастгир намуданд. Бо ҳукми суд бештар аз 45 миллион рубли Русия, биноҳо ва 26 мошини ба ин гурӯҳ тааллуқдошта мусодира карда шуд.                        Зимни кофтукови хонаи истиқоматии яке аз роҳбарони гурӯҳ Старостин 1 миллиону 200 ҳазор рубл мусодира гардид.                       Парвандаи ҷиноии нисбати аъзои гурӯҳ кушодашуда 179 ҷилдро ташкил медиҳад. Кормандони суд барои кашондани маводи парванда мошини боркаши КАМАЗ – ро истифода бурданд.                        Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳамаи аъзои гурӯҳи муташаккили ҷинояткор дар маҷмӯъ ба мӯҳлати 400 сол аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум карда шуданд.                         Аз ҷумла, роҳбари гурӯҳ Павел Старостин ба мӯҳлати 18,5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Шарикони дигари ӯ аз 10 то 17 солӣ ҳукм гирифтанд. 

Декабрь 4, 2009 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад